Аз ҷону дил хоҳам Туро, Масеҳ, ба қалби ман даро. // Бошад Туро он ҷо саро, кун раҳбарӣ маро. // Ғавғою шӯри ин ҷаҳон номат кунад аз дил ниҳон, // Лекин Ту, эй некӯ Шубон, зоҳир кунӣ Худро. // Худхоҳиву кибру ғурур аз ман намо якбора дур. // Гардон Ту қалбам пурсурур, хоҳам аз дил Туро. // Дар рӯҳи саргардони ман, дар қалби нофармони ман // Дарою кун дармони ман, фармон барад ҷонам. // Гар ин дил аз Исо шавад, ҳар чиз аз Ӯ афзун шавад. // Зиштӣ равад, зебо шавад, тоза шавад дунё. // Сар то сари қалбам агар аз они Ту бошад, Падар, // Чизе нахоҳам ман дигар, пас, эй Худо, биё. //我的心已蒙神的祝福 لماذا نحن فقراء Их Эзэн бидний Аав كيف نلاقى يسوع Как радостно как сладко для сердец Uitstap: Jerusalem Voglio aprire bene gli occhi Султони ҷангал Благодарю Тебя, Отец Эзэн рүү хандсан чин хайр
Song not available - connect to internet to try again?