Асирони Сионро баргардонд Худо, Мисли хоббинандаҳо будем, эй Худо. Оганда аз хандаҳо буд даҳони мо, Аз садои шодиҳо пур забони мо. Баргардон асиронро, аё эй Худо, Чун об дар биёбон, аё эй Худо. Кишт бо гиряву ашкҳо мекунанд онҳо, Дарав бо хурсандиҳо мекунанд онҳо. Баргардон, баргардон, баргардон, баргардон. Он гоҳ миёни халқҳо мегуфтанд онҳо: "Кори бузург кард Худо барои онҳо". Кори бузург кард Худо ҳамоно бар мо, Лабрез аз хурсандиҳо акнун гаштем мо. Бо гиряву ашкҳо мераванд онҳо, Халтаҳои тухмиро мекашанд онҳо, Бо садои шодиҳо мегарданд онҳо, Дарзаҳои гандумро мекашанд онҳо.Mi Dios salva تآمل و صلاة Алдраасаа буусан Прихожу к Тебе Jesus, alt for Jesus Di Dunia Yang Penuh Cemar Брат мой усталый о чем ты горюешь Ради нас пострадал Жылдар өтсе де тоқталмастан KUM AA MER LENGMANGMI AH HIN PATHIAN
Song not available - connect to internet to try again?