// Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! // Худоё, зи ҷон меситоям Туро! Ҳамеша ба ҳар ҷой хонам Туро! Бузургии Ту бинам аз осмон, Зи хуршеду моҳу ҳам аз ахтарон. // Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! // Ба кӯҳу ба саҳро назар афканам, Ба ҷуз номи Ту дигар нашнавам. Чу борону барфат биборад ҳаме, Нахоҳам шуд аз шукр ғофил ҳаме. // Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! // Ҳавои латифу дарахтони сабз Ва мурғони зебо ба овози нағз. Туро шукр аз баҳри ёрони мо, Хусусан Масеҳ, к-омадӣ аз само. // Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! //Rəbbim bizi bu dünyadan arayıb, axtarıb, tapıb Пробудись от сна друг бедный Господь дай ветер мне попутный Почему я люблю Тебя CHRISTIAN WALK CAREFULLY! Как я хочу улететь в небеса msẖ llʿạlm Меҳрибоним Отажоним تأمل 2 В час коли труба Господня над землею прозвучить
Song not available - connect to internet to try again?