Баҳри фардо наандешам, имрӯз бо Ӯ роҳ равам, Ояндаам дар дасти Ӯст, ҳар рӯз бо Ӯ шод шавам. Ғами фардоро нахӯрам, чун ба Ӯ имон дорам, Ҳаётам бошад дар Исо, Ӯ донад ояндаам. Тарсе аз фардо надорам, гарчи даркаш накунам, Лекин як чизро медонам: Ӯст соҳиби фардоям. Ҳар қадаме ки мемонам, донам фардоям зебост, Борҳо аз дӯшам меғалтанд, офтоб дар паси абрҳост. Дар нури он шамси тобон ашкҳоям поён ёбанд, Зиндагиям ба сар расад, само равам то абад. Тарсе аз фардо надорам, гарчи даркаш накунам, Лекин як чизро медонам: Ӯст соҳиби фардоям. Баҳри фардо наандешам, шояд фақр ояд сӯям, Ӯ ки сер кунад махлуқаш, медиҳад хостаҳоям. Гар киштии зиндагиям бигзарад аз тӯфонҳо, Донам, дар амну амонам - Ӯ бо ман аст дар ҳар ҷо. Тарсе аз фардо надорам, гарчи даркаш накунам, Лекин як чизро медонам: Ӯст соҳиби фардоям.Roh Kudus, Ya, Turunlah 耶和华的门 Day after day wḥdk btryḥny̱ Figlio mio Přijď již, přijď Duchu Stvořiteli داڭق ۇلۇۇ تەڭىرگە เพลงเข้ามาด้วยยินดี Alla croce Non ti confonderai
Song not available - connect to internet to try again?