Ба дил гуфтам чаро ин гуна шоданд Дар ин дунё ба ҳар ҷое шарирон. Чаро дар неъмату нозанд ҳар дам, Ба рағми заҳмату дарди фақирон. Агар дасти ситам бардошт золим, Занад то бар сари ҳар дардманде, Ба пеши чашми Ту бо қаҳр бишкаст Ду бозуи ятими мустаманде. Ва ё бо қаҳру хашму бадзабонӣ Ба ҳар ҷо носазо гӯяд ба мардум. Ба сад найранг аз шаб то саҳаргоҳ Дурӯғи нораво гӯяд ба мардум. Шарирон бо ғуруру кинаву кибр Худоҷӯяндагонро садди роҳанд. Хатокоранду беинсофу золим, Валекин соҳибони молу ҷоҳанд. Дилам аз ғусса пур шуд, чашмҳо тор, Ба сӯи тирагӣ раҳ мекушудам. Зи Ту навмед будам, эй Худованд, Чун аз рози азал огаҳ набудам. Танам ларзиду поям суст гардид, Аз ин вазъияту ҳоли парешон. Худо оё намедонад, ки онҳо Гуноҳкоранду ҳамовози шайтон. Намедонистам инро, эй Худованд, Ки фардое набошад золимонро. Ба дунёи дигар кай метавон бурд Шукӯҳу ҷоҳу моли ин ҷаҳон Ту аз рӯи муҳаббат, эй Худованд, Кушудӣ чашмҳои бастаамро. Зи ҳайвонмашрабӣ, эй Зоти бечун, Раҳонидӣ Ту ҷони хастаамро. Ман акнун воқифам, медонам инро, Ки дар рӯзи қиёмат доварӣ Ту. Ба ҷабборони бадкирдору золим Азоби оташин меоварӣ Ту. Худоё, бо Ту наздикам ман ҳол, Намехоҳам ман аз Ту дур бошам. Ҳалокат оварад дурӣ гузидан, Агар дурӣ гузинам, кӯр бошам. Худоё, такягоҳи ман Ту ҳастӣ, Ба мисли сахраи кӯҳи баланде. Налағзад пои ман дар ҳеҷ роҳе, Зи бадхоҳон намебинам газанде. Туро сад шукр мегӯям, Худоё, Зи ҷону дил таваккал бар Ту дорам. Ҳамеша мадҳи Ту вирди забонам, Ба даргоҳи Ту, ё Раб, рӯй орам.Rannego słońca pierwszy promyk lśni في الأعماق Cesta, pravda i život Теңирим, Өзүң келдиң, кайгыга чөккөнүмдө. خۇدا، سەن مېنىڭ ئاتام Склонюсь я пред Тобой اوصنا Ty si Pánom, Ty si Kráľom [Milo] وسط كنيستك kfạyty nʿmạh
Song not available - connect to internet to try again?