Ба дил гуфтам чаро ин гуна шоданд Дар ин дунё ба ҳар ҷое шарирон Чаро дар неъмату нозанд ҳар дам Ба рағми заҳмату дарди фақирон Агар дасти ситам бардошт золим Занад то бар сари ҳар дардманде Ба пеши чашми Ту бо қаҳр бишкаст Ду бозуи ятими мустаманде Шарирон бо ғуруру кинаву кибр Худоҷӯяндагонро садди роҳанд Хатокоранду беинсофу золим, Валекин соҳибони молу ҷоҳанд Дилам аз ғусса пур шуд, чашмҳо тор Ба сӯи тирагӣ раҳ мекушудам Зи Ту навмед будам, эй Худованд Чун аз рози азал огаҳ набудам Ту азрӯи муҳаббат, эй Худованд Кушудӣ чашмҳои бастаамро Зи ҳайвонмашрабӣ, эй Зоти бечун Раҳонидӣ Ту ҷони хастаамро Худоё бо Ту наздикам ман ҳол Намехоҳам ман аз Ту дур бошам Ҳалокат овард дурӣ гузидан Агар дурӣ гузинам, кӯр бошам Худоё, такягоҳи ман Ту ҳастӣ Ба мисли сахраи кӯҳӣ баланде Налағзад пои ман дар ҳеҷ роҳе Зи бадхоҳон намебинам газанде Туро сад шукр мегӯям, Худоё Зи ҷону дил таваккал бар Ту дорам Ҳамеша мадҳи Ту вирди забонам Ба дардгоҳи Ту, ё Раб, рӯӣ орамạ̉ḥbk yạ sydy Ár bir kún men ár saǵat Мы к Тебе идём zhǔ shī ēn de shǒu cóng méi yǒu shōu huí Богові хвалу віддайте الفرحة Padre t'amiamo Gesù rotolò nel mare il mio peccar Dari V Track 10 Deti Božie, vďačne, svorne
Song not available - connect to internet to try again?