Ба касони дудила ман кина дорам, Вале оини Туро ман дӯст медорам. Паноҳ ва сипари ман ҳастӣ танҳо Ту; Умед бастаам ҳаме ба сухани Ту. Эй бадкешон, дур шавед аз пеши рӯям! Фармудҳои Худоро нигоҳ медорам. // Аз рӯи гуфт ёрӣ деҳ, то зинда монам, Ва шармсорам нагардон аз ин умедам. // Ба ман ёварӣ намо, то наҷот ёбам, Доим ба дастурҳоят ман назар дӯзам. Вожгун мекунӣ ҳар кӣ аз Ту дур шудаст, Зеро найранги онҳо бефоида аст. Бадро нобуд мекунӣ чун занги оҳан; Гувоҳиҳои Туро дӯст медорам ман. // Аз тарси Ту сих шудаст мӯи баданам; Аз довариҳои Ту басе метарсам. // Пеша кардаам инсофу росткориро; Ба ситамгарон ҳаргиз насупор маро. Бар суди бандаи Худ зомин шав ба ман, То ки ситам накунанд густохон ба ман. Чашмон ба наҷоти Ту хаста мешаванд, Ба гуфтаи рости Ту хаста мешаванд. // Бо бандаат амал кун бо меҳр, эй Худо, Ва дастурҳои худро омӯз, эй Худо. // Ман бандаи Ту ҳастам; фаҳм бибахш маро, То ки ҳаме бидонам гувоҳиҳоро. Вақти Парвардигор аст, ки амал кунад; Бадкор оини Туро поймол мекунад. Лек фармудҳои Туро ман дӯст медорам, Бештар аз зари холис ман дӯст медорам. // Ман ҳар фармони Туро рост мешуморам; Ман ба ҳар роҳи дурӯғ кина дорам. //Өлүмдүн кучагынан куткарып اعبر إلينا kẖdẖny mny Ты мой Господь, моё спасенье لماذا نحن فقراء Otwórz me oczy ạnt ạlly ḥbytny Siempre firmes yswʿ qrb yjynạ Dio d'amore
Song not available - connect to internet to try again?