Ба назди пок Яздон шав ту хомӯш, Намо дунёву ҳастиро фаромӯш. Ки то ҷони туро ором бахшад, Дили ғамдидаатро ком бахшад. Чу тӯфони балои зиндагонӣ Туро созад аз ин дунё фиғонӣ, Дар ин дам дар дуо мехон Худованд, Зи ҷону дил ба Ӯ бинмой пайванд. Дуо бахшад тавон бар қалби решат, Намояд шодмон қалби парешат. Шавад андӯҳу ғам яксар фарорӣ, Агар як дам ба Яздон рӯй орӣ. Зи меҳри Ӯ чу дил саршор гардад, Ҳаме осон ба дунё кор гардад. Агар ҳастӣ ба қайди ғам гирифтор, Дуо кун, то шавад шодӣ падидор. Сӯи Исо дуо кун, то ки ёбӣ Аз Ӯ шодиву асли комёбӣ. Масеҳо, Ту ҳаёти ҷовидонӣ, Ба ҷуз дар Ту набошад зиндагонӣ. Туро ҳамду сипоси беадад бод, Ки ҷони мо зи меҳнат кардӣ озод. Ба мо омӯхтӣ тарзи дуоро, Ки биситоем ба номи Ту Худоро.يا الله من مثلك Звездный льется свет людям шлет привет Вордӥськид дуннее Överim Загалмайн зам يسوع الجالس على العرش È più profondo profondo rnmwạ wạhtfwạ О какой беспредельный великий восторг Alańǵa kirgende
Song not available - connect to internet to try again?