// Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Хуш ба ҳоли он ки аз рӯи хирад Дар пайи ин фосиқон раҳ наспарад. Он ки ӯ Парвардигори худ шинохт, Бо тафаккур рӯзу шаб худро гудохт. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Дар Худо мемонад ӯ бо иззу шон Чун дарахте бар лаби рӯди равон. Сабзу шодобу муаттар шохаҳош, Дар амон аз боду сармо соқаҳош. Бар ҳарими баргҳояш оҳ нест, Офати пажмурдагиро роҳ нест. Мева дар ҳангом орад ин дарахт, Кори неканҷом дорад ин дарахт. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Бар шарирон роҳи раҳмат баста аст, Бо худоҷӯён Худо биншастааст. Ростонро бо шарирон кор нест, Ростиро роҳ ноҳамвор нест. Ҳамчу коҳ андар масири бодҳо Ин шарирон мешаванд аз ҳам ҷудо. Ҷуз ҳалокат нест инҳоро ҷазо, Маргу нафрин бошад инҳоро сазо. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Чун Худо огоҳ аз ҳар рози мост, Воқиф аз ҳар дарду сӯзу сози мост. Одилонро зиндагӣ мебахшад Ӯ, Иззату фархундагӣ мебахшад Ӯ. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //أنا باشكرك ياربي С рождеством Great Is Thy Faithfulness Car Toi seul es Dieu تعليق 1 - العائلة المقدسة Îmi pare rău de tot ce-n viaţă Io ti celebrerò zài nà yáo yuǎn de shān jiǎo xià لفين يا غربة Sensiń Qudaıym
Song not available - connect to internet to try again?