Эй Худои ман, фаромӯшам макун, Хастаҷону хонабардӯшам макун. Рӯи Худ аз ман магардон, эй Ҳабиб, Инчунин аз ғам сияҳпӯшам макун. Фикрам озорам диҳад ҳар рӯзу шаб, Бо парешонӣ ҳамоғӯшам макун. Барбигардонам зи хоби марг боз, Эй Худо, бо қаҳр хомӯшам макун. Душманон шодӣ кунанд аз дарди ман, Аз лаҳиби дард дар ҷӯшам макун. Файзи рӯҳонӣ ҳамехоҳам, бидеҳ, Яъсро овезаи ғӯшам макун. Дар дуо раҳмат талаб дорам зи Ту, Ранҷаву беҳолу беҳушам макун. Месароям ман ба васфат бор-бор, Ҳон, наҷотам деҳ ва мадҳушам макун. Эй саропо хубиву некӯсиришт, Заҳри неши маргро нӯшам макун.Boh je záštita moja Коль всегда везет тебе Tsy renao va ny feon'ny Ray? Церковь Божья поднимайся Unknown РАБ Севгин ЬОйле Йумушак 亚伯拉罕所信的神 Qui a créé le monde Сен алыс болгондойсуң Tu per me vali
Song not available - connect to internet to try again?