Ба ихлосу муҳаббат ҳар шабу рӯз Зи умқи ҷон садо кардам Худоро. Бигуфтам: "Бишнав, эй Зоти муқаддас, Навоҳои дили дардошноро. Ба гиря ҳоли худ мегӯямат боз, Нигар бар чеҳраи ғамдидаи ман. Ту бишнав, эй Худои неккирдор, // Ҳикоятҳои нобишнидаи ман. // Гуноҳ бисёр кардам, шармсорам, Раҳо кун аз гуноҳ ҷонам, Худоё. Биёмурзам, мадад фармову кам кун // Азоби дарди виҷдонам, Худоё! // Ба Ту умед бастам аз дилу ҷон, Назар дорӣ Ту бар умедворон. Зи абри раҳматат борон биборад Ба дашти ташнакоми киштзорон. Дар ин дунё Туро ман интизорам, Шабонгоҳон ба сони посбоне. Дилам муштоқи рӯи бомдодон, // Ки то ёбам зи рӯзи нав нишоне". // Шумо, эй қавм, медонед оё? Худо сарчашмаи оби ҳаёт аст. Худо нек асту пурэҳсону одил, // Ба мо равшангари роҳи наҷот аст. //ร้องถึงรักยิ่งใหญ่ เชิญร่วมใจนมัสการ ạbn ạllh qd ʿbr lnạ Ty odpúšťaš každý hriech Весь мир поёт Богу Творцу Слава Seigneur, ta grâce m'appelle Tanrı'da Yaşıyorum Diyen Rabbim Sana Yaklaşırım Cik, Cik, Cik Тапънъръм
Song not available - connect to internet to try again?