Ҳар касе к-ӯ хидмати ҳамсоя кард, Бо садоқат кор бе пироя кард. Доимо гар ӯ зи ғайбат дур буд, Бо муҳиббони Худо маҳшур буд. Тӯҳмату бадгӯӣ аз ӯ сар назад, Оҷизонро сина бо ханҷар назад. Айби бадқавлӣ агар донад ҳаме, бар сари паймони худ монад ҳаме. // Суд агар настонад аз ҳамроҳи хеш, Гар наҷӯяд равнақи бозори хеш, // Бо дурӯғу фитна ҳамовоз нест, Бо ғуруру саркашӣ дамсоз нест. Бегуноҳонро нигаҳбонӣ кунад, Гар ятимонро саробонӣ кунад. Хор бишморад агар бадкорро, Золимони зишту халқозорро, Гар дили покизаву бекина дошт, Меҳри Яздонро агар дар сина дошт, // Кирдигоро, хаймаи Ту ҷои ӯст, Хонаи Ту оқибат маъвои ӯст. // Хонаи Ту оқибат // маъвои ӯст. //Ya Tuhan, Isi Hidupku mạstạhlsẖ ḥnạnk Gesù ha preso la vita mia Veille et prie О Агнец Божий Ты смертью на кресте Все могу Von den Gipfeln der Welt dà hǎi a néng fǒu gào sù wǒ Zpívejte Králi našemu kl mạ ạ̉ḥs
Song not available - connect to internet to try again?