Эй Зоти бечун, эй Худо, Бар ман ризоят муддао. Васфи ҷалолат мекунам, // Тамҷиди ҳолат мекунам. Боло зи дарёҳостӣ, Фавқи замини мостӣ. Аз осмон болотарӣ, // Аз Каҳкашонҳо бартарӣ. // Гар хашм гирӣ як даме, Дунё шикаст орад ҳаме. Кӯҳу камар ларзон шавад, // Ҳам раъду ҳам борон шавад. // // Шохи дарахтон бишканад, Ҳам сарви Лубнон бишканад. Ларзад ба худ, печад чунон // Саҳрои Қодеш ногаҳон. // Ҷангал намонад дар замин Аз хашми тӯфон инчунин. Оташ биборад бар сараш, // Сӯзад ҳама баргу параш. // Аз дарди зоиш оҳувон Зору заифу нотавон. Ту подшоҳӣ, эй Худо, // Бар мо гувоҳӣ, эй Худо. // Хотима: Дар хонаву дар кӯи Ту Мо ҷумла тасбеҳгӯи Ту. Қувват диҳӣ моро чунон, // То шод гардад ҷонамон. // Дар сулҳу хайру ростӣ Ту раҳнамои мостӣ. Дар сулҳу хайру ростӣ // Ту раҳнамои мостӣ. //Medley: Clap your hands, all ye people lyk kl ạlkrạmẗ wạlmjd wạlslṭạn امشى مع يسوع rén de yī shēng Mai senza Te We've Come to Glorify Your Name Тирилиш байрами Fixant les yeux sur Jésus Üdvözlégy, Jézus ทรงเปลี่ยนความเศร้าโศก
Song not available - connect to internet to try again?