Сад шукр, ки моро баракат додӣ, Худоё, Аз шафқату аз меҳри Ту гаштем сарафроз. Аз нури рухат гашта мунаввар ҳама олам, Рӯҳи Ту бубахшида ба мо шаҳпари парвоз. Роҳе ки ба мақсуд расонад ҳамагонро, Ин роҳ ҳамон роҳи шукӯҳманди наҷот аст. Бинмой, Худоё, ба ҳама ин раҳу оин Аз рӯи муҳаббат, ки дар он рӯҳи ҳаёт аст. Бо созу навоҳои дилангез бихонанд Номат ба забон дар ҳама ҷо мардуми дунё. Дар васфи ту ҳар қавм суруде бисарояд Бо шодию бо меҳр ҳам ин ҷову ҳам он ҷо. Дар рӯи замин роҳ ба ҳар сӯ бикушоем, Эй довари одил, Ту ҳидоятгари моӣ. Адли Ту чароғест, ки хомӯш нагардад, Моро Ту ба ҳар бодия равшангари роҳӣ. Пурбор замин гашта зи файзи Ту, Худоё, Дар сояи эҳсони Ту мардум ҳама шоданд. Моро баракат додӣ Ту, эй Холиқи якто, Аз файзи каломат ҳама ҷӯёи муроданд.تأمل 5 إنت قربت تجينا Ujrzałem już w oddali Gözləyirik, ya Rəbb, Səni, ey, dünyanın Xilaskarı Jesus, take me as I am Элим, бүгүн сага мен Boże, z Twoich rąk żyjemy من ذا الذي يفصلنا عن حب فادينا Yesus Kawan yang Sejati Naplnil si môj život chválou
Song not available - connect to internet to try again?