Рӯ оваред, эй мардумон, Сӯи Худованди ҷаҳон. Дурӣ кунед аз хашму кин, Парҳез аз чини ҷабин. // Шодобу хуррам рӯятон, Бикшода ду абрӯятон. // Лабханд бар лабҳо аҷин, Андеша пурбор аз яқин. Бо созу бо овози хуш, Бо нағма, бо пардози хуш. // Дар синаҳо бонги дуруд, Ҷон ғарқи оҳанги суруд. // Шукрона гӯедаш мудом, Эй ҳамраҳон, ҳар субҳу шом. Ҳамди Худо дар саҷдагоҳ Ҳар бомдод, ҳар шомгоҳ. // Вирди забонҳотон бувад, Пайвасти ҷонҳотон бувад. // Парвардигори мост Ӯ, Омӯзгори мост Ӯ. Аз лутфи Ӯ инсон шудем, Ин гуна маънидон шудем. // Номат муқаддас, эй Худо, Умеди ҳар кас, эй Худо. // Хотима: Некӯву пурэҳсон Туӣ, Бар дардҳо дармон Туӣ. Ҷонҳои моро шод кун, Моро зи ғам озод кун. // Номат муқаддас, эй Худо, Умеди ҳар кас, эй Худо. //Šalamúnova pieseň bʿdy ʿnk Шествуем мв в Ханаан Au tribunal Jésus se tient Godzien o godzien nasz Bóg اسندني في ضعفي bạ̉dkẖl ʿrsẖ ạlnʿmẗ Láska Tvá přijď k nám И на нас Я вижу дом
Song not available - connect to internet to try again?