Ба ҳангоми сахтиву дармондагӣ Худо ёри мову мададгори мост. Замин ларзад ар, кӯҳ резад ба баҳр, Худо з-ин хатарҳо нигаҳдори мост. Ба шаҳри Худо ҷӯйи обе равон, Нишот ораду шодмонӣ диҳад. Дар он ҷойгоҳи муқаддас Худо // Ба мо иззати ҷовидонӣ диҳад. // Набинад газанду нагардад хароб Чунин шаҳри зебо, ки шаҳри Худост. Шукӯҳаш ба ҳар лаҳза афзун шавад, Худо Худ гувоҳи чунин муддаост. Агар хашм гирад Худо як даме, Ҷаҳон ларзад аз ҳайбати хашми Ӯ. Чу муме гудозон шавад гар замин, // На ояд чу як зарра дар чашми Ӯ. // Худо найзаҳоро ба зер оварад, Камонҳои ҷанговарон бишканад. Касеро, ки муштоқи ҷанг аст ӯ, Ба аъмоқи чоҳаш ҳаме афканад. Худо дар замин сулҳ хоҳад, на ҷанг, Бидону чунин тундхӯӣ макун. Ба ошӯбу ғавғо дигар дил мабанд, // Чунин бармало ҷангҷӯӣ макун. // Худованди Яъқуб, бар мо нигар, Нигаҳ дор моро зи бедоду кин. Ту коре бикун, то намонад дигар Зи бедоду кин тухмае дар замин. Ту ҳастӣ ҳамеша паноҳгоҳи мо, Наҷӯем ҷуз Ту паноҳе дигар. Куҷо метавон ёфт амну қарор, // Ба ҷое дигар такягоҳе дигар. //Behold How Good And How Pleasant He gave me beauty (Es 61.3) Griderò forte al mondo Чим воздати зможу? Un strop de rouă ce cade în zori Алтарь Santo è l'Eterno Блажен народ у которого Господь есть Бог وُلد لنا المخلص У креста положу своё сердце как розу
Song not available - connect to internet to try again?