Вақте чун гуноҳкоре ба пояш афтодам, Дар зери бори гуноҳ "Исо" - садо додам. Исо шунид фарёдам, аз банд кард озодам, Чун Исо бардошт борам, маро шодӣ бахшид. Оре, Ӯ бардошт борам, бори гуноҳамро, Оре, Ӯ бардошт борам бо меҳри беҳамто. Исо шунид фарёдам, аз банд кард озодам, Чун Исо бардошт борам, маро шодӣ бахшид. Вақте дар ғаму андӯҳ, маъюсу саргардон, Бо заъфу дилшикаста, дар ранҷи бепоён, Садои Исо омад: "Ман бо туям доим"! Он гоҳ Ӯ бардошт борам, маро шодӣ бахшид. Роҳи ҳаёти ҷовид фақат Исо дорад, Ӯ роҳнамою ҳодӣ дар қалби ман монад. Вақте ба само равем, бо ҳам суруд хонем Гӯем: "Ӯ бардошт маро, моро шифо бахшид".يسوع فيك لذتي In God We Trust О братья стойте верно Vznešený في يوم مريت علي Я грущу надо мной беззакония тьма Un amico su nel cielo О Тебе пою Спаситель إذا ربي Ven oprimido pecador
Song not available - connect to internet to try again?