Вақти дуо, вақти дуо, ки созад аз дунё ҷудо, Даъват кунадам бар Падар, то ҳоҷатам созад раво. Гар ғарқи дарду меҳнатам, роҳат бувад он дам маро; // Аз имтиҳон гардам раҳо дар вақтат, эй вақти дуо! // Вақти дуо, вақти дуо арзам расад сӯи само, Ба даргаҳи Яздони пок, тавбапазиру раҳнамо. Аз Ӯ намоям ман талаб, то файзи Худ созад ато; // Роҳат шавам аз дардҳо дар вақтат, эй вақти дуо. // Вақти дуо, вақти дуо бошӣ тассалидеҳ маро, То вақти охир даррасад, ё Мунҷӣ ояд аз само. Ин ҷисми хокӣ афканам, фонӣ шавад ғарқи бақо; // Андар ҳузури қудси Ӯ комил шавад вақти дуо. //قدام البحر Emanuel milý, Knieža veriacich Близо Си Бог есть любовь Come, Holy Spirit (Vertical Church Band) Не спеши грешить Quand je vois mon Sauveur Под кровом Твоим Pane, ráč nás viesť Ježiš, Ty máš meno najkrajšie
Song not available - connect to internet to try again?