Дар ин дунёи беканор одамон нотавону зор, Ҷангу қаҳтию тӯфонҳо ҳайрон карданд пиру ҷавон. Дилҳо дар вазъи изтироб, оянда гашта чун сароб, Абри тира дар осмон ғолиб омад бар ин ҷаҳон. Оре, Масеҳ, бозгашт намо, Оромию умеди мо. Равем бо Ту сӯи само. Оре, Масеҳ, оре, Масеҳ, бозгашт намо! Фармони Ӯро бишнавед, Каломаш ҳар ҷо расонед, Фурсат набошад беш аз ин пеш аз зуҳури Тахтнишин. Фармон дод Ӯ - бедор шавед, интизорӣ ба сар расид, Сӯи абрҳо нигоҳ кунед, Писари Худоро бинед. Ин аст умеди пурҷалол, к- Ӯ зуд ояд вақти малол, Пок намояд ашки ғамро зи чашмони гирёни мо. Ҷафоҳо поён пазиранд, шодиҳо ҷойгузин шаванд, Парвонавор ба даври Ӯ гардему болу пар занем.للجبال أنا هارفع عيني معنى العيد Yaşam Yolunda Yalnız Değilim Моє серце там Ghibea 100 лет Дагестану He sambatra aho, Jeso Rozhodni sa správne Эзэн би Танд хайртай Studnica moja
Song not available - connect to internet to try again?