Дар ин дунёи ғамноку фонӣ Фарёд кунам ба сӯи само. Рӯҳам афсурда дар зери гуноҳ, Худовандо, бар ман раҳм намо! Ин қалби нолон хоҳони шодист, Танҳои танҳову бенаво. Қалбам шикаста, пурдарду хаста, Худовандо, бар ман раҳм намо! Ин рӯҳи саркаш овора гашта Хоҳони лаззат, дур аз Худо. Дар биёбони ин умри ночиз, Худовандо, бар ман раҳм намо! Дунёи маккор маро фиреб дод, Ҳастиям рафт бар боди фано. Ронда зи ҳар ҷо, хаста зи дунё, Худовандо, бар ман раҳм намо! Тавба намоям аз гуноҳонам, Бо ашкҳои талх кунам дуо. Ҳарчанд нолоиқ сӯят меоям, Худовандо, бар ман раҳм намо!تازا جۉرۅكتۅردۅ، تەڭىردىن ىيىق سۅزۉ Ты всегда со мною рядом Бүх дэлхий Есүсийнх Бог меня отыскал Vi har herlig seier Ey Rabbim İsa yswʿ ạ̉smh ʿjyb أسكن تحت ظل جناحيك - موسيقي lmạ ạ̉kwn tʿbạn - Live ạlkẖmr ạljydẗ
Song not available - connect to internet to try again?