Дилам шавқи Ту дорад, эй Худоё! Суханҳои Ту мехоҳам шунидан. Даруни хонаи нуроният ман Чӣ муштоқона хоҳам орамидан. Парастуҳои хушовозро ман Ба сӯи кӯи Ту дидам ба парвоз. // Ба гирди хонаи Ту лона доранд, Ҳама дар мадҳи номат нағмапардоз. // Хушо онон, ки ҷо доранду манзил Дар он ҷое ки ту манзил гузидӣ. // Хушо он ҷо, ки номат бар забонҳост, Касе он ҷо ғаму дарде надидӣ. // Хушо он кас, ки қувват ёбад аз Ту, Ба дил меҳри Ту дорад ҷовидона. Ба ҳар сӯ бигзарад, борон биборад, Дилаш дарёи файзи бекарона. Худовандо, Ту бар ман меҳрубон бош, Ба лутфи худ иҷобат кун дуоям. // Назар андоз бар ман, қувватам бахш, Бикун аз қайди бемеҳрӣ раҳоям. // Туро гар навкаре бошам, ҳамон беҳ, Нахоҳам қасри шоҳиро ба дунё. // Ба назди Ту агар бошам ду рӯзе, Муродам ҳосил ояд, эй Худоё! // Ту бар мо офтоб ҳастӣ, Худоё, Сипар дар рӯзҳои сахтиву ҷанг. Натарсам аз ҷафои даҳр ҳаргиз, Агар барпо шавад сад гуна найранг. Ҷалолу меҳр бахшӣ, эй Худоё, Барои мардумони росткирдор. // Ту некиро нигаҳдорӣ ҳамеша Барои бандагони некпиндор. //Il est sorti du tombeau Až sa svet raz pominie الإيد ممدودة ليك wạ̉nạ ly myn fy ạlʿmr swạk měi yī tiān yào duō duō qīn jìn shén yạlly fdytny Menigheten er Guds tempel ạ̉ʿṭyny qwẗ Çünkü Sen Tanrısın Not by might, not by power
Song not available - connect to internet to try again?