Замон ба камол расид, Худо фиристод Ӯро, Писари ягонаро, баҳри мо гардад фидо. Рӯҳи Худо бар Вай буд, Худо Ӯро одил хонд; Нури халқҳо гардид, Наҷоткори мо гардид. Ӯ аз оғӯши Падар ҷудо гардид, Баҳри гуноҳи ҷаҳон фидо гардид. // Бо Хуни поки Худ Ӯ моро аз гуноҳ Озод намуд, аз гуноҳ озод намуд. // Мо шоҳиди Ӯ ҳастем, шоҳиди эҳёи Ӯ. Бо Ӯ маслуб шудаем, эҳё гаштаем бо Ӯ. Рӯҳи Худо бар Вай буд, Худо Ӯро одил хонд; Нури халқҳо гардид, Наҷоткори мо гардид. Мо аз они Худованд Масеҳ ҳастем, Ворис ба ваъдаҳоем, ходим ҳастем. // Акнун дар дил қабул кардаем Ӯро, Худоро, Худовандро, Худовандро. // Гуфтӣ: "Кош маро болҳо мисли кабӯтар мебуд, То ба ҷойҳои дурдаст парвоз, парвоз мекардам. То бар саҳро дур аз ҳама ман роҳ интихоб мекардам, Парвоз, парвоз мекардам, истироҳат меёфтам". Кист барои ман, кист дар осмон? Ғайр аз Ту ҳеҷ чиз бар замин нахоҳам. Гарчи ман хокам, дилам нобуд шавад, Сахраи дилам охир мустаҳкам аст. Гарчи ман хокаму дилам нобуд шавад, Худованди ман Ту ҳастӣ, Туӣ Масеҳ!Әкетайым жан, әнім Саған арналады Grida di gioia Esti Dumnezeu izbăvitor Янлъш Бир Шей Яптъм Да и Аминь qṣẗ ạlḥb ạlʿjyb Hľa, aké dobre je Itt vagyok, engem küldj Cred în Dumnezeu ca Tată يسا مەنىڭ قۇتقارۋشىم
Song not available - connect to internet to try again?