Каломатро чӣ сон дӯст дорам. Бувад он таълиму ислоҳам, Дар роҳи рост равона шавам. Каломат, Каломат - шодиям. Ту - Каломи зиндаро хонам, Вақте аҳкомат таълим гирам. Масеҳи ман, воз кун чашмонам, Ки аз Инҷил ганҷҳоро бинам. Зинда аст Каломи Худованд, Таъсирбахш дар роҳи ман бо панд. Чун шамшери дудама занад, То ки диламро доим санҷад. Суханат аст нурам баҳри по, Ҳимоятам кунад андар роҳ, Чароғи равшани Масеҳо Мебошад дар ҳама тариқҳо. Дили ман андӯҳгин бошад ҳам, Бори сангин фишор орад ҳам, Тавротро бо дуо кушоям Оҳ, шодам, ман тасаллӣ ёбам. Каломатро чӣ сон дӯст дорам. Бувад он таълиму ислоҳам, Дар роҳи рост равона шавам. Каломат, Каломат - шодиям.ميدلي ماتعلمتش أعيش وأنا خايف + استيقظي Hәsr Edirәm Hәyatımı 哈利路亚赞美父神 ḥwlt nwḥy ạ̹ly rqṣ Poďte, duše s radosťou svätú omšu sláviť You are the words I sing La salvezza di Dio Сана Тапаръм Раб Jezu, któż jak Ty Vďaka Ježiš za dnešný deň
Song not available - connect to internet to try again?