Масеҳо, эй фурӯғи мулки ҳастӣ! Зи Ту пайдо бувад болову пастӣ. Зи фазлат ҷирми хокӣ ёфт тамкин, Фалак шуд аз кавокиб гавҳарогин. Рӯҳат дарди ҳама дилро даво кард, Ба лутфу марҳаматҳо ошно кард. Ба лутфу марҳаматҳо ошно кард. Набурдем аз набудат файз доим, Ба ҳастимон қиёмат кардӣ қоим. Ба ҳастимон қиёмат кардӣ қоим. Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! Чу моро хондаӣ андар муҳаббат, // Ба мо таълим додӣ рози ваҳдат. // Ба Рӯҳулқудс қалби мо барафроз, // Раҳи сулҳу вафодорӣ биёмӯз. // // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! // Ба наздики Ту то бошем маҳбуб, // Зи нури Худ макун моро Ту маҳҷуб. // Фурӯ шӯй аз дили мо ҳар ҷаҳолат, // Қавӣ гардон дар имону адолат. // // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! // Зи файзат дам ба дам то зинда бошем, // Ту дар мо, мо ба Ту поянда бошем. // Ҳамеша муттаҳид бошем дар ҷамъ, // Чу парвона ба гирди нури он шамъ. // // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! //Dios es mi fortaleza Всем сердцем жажду я Исосиз L'anima mia benedice il Signore jạny yswʿ ارويني يا يسوع Il cavallo bianco O, the love that sought me/ In Tenderness He sought Me Shod hurramlik ạ̉nt nṣyby
Song not available - connect to internet to try again?