Масеҳ, Ту шаҳаншоҳӣ, Аз олами болоӣ, Аз айб мубарроӣ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Эй Нури ҷамоли Ҳақ! Аз Зоти Худо муштақ! Дармонда шудем, алҳақ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Аҳволи ҳама донӣ, Афкори ҳама хонӣ, Зинда зи Ту ҳар ҷоне, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Гирд омада дар даргоҳ, Дар қудси парастишгоҳ, Аз омаданат огоҳ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Гуфтӣ Ту, ки дар фарҷом Як сӯ шавад ин олом, Кӯтоҳ кунӣ айём, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Боз оӣ агар, эй Шоҳ, Бо мо Ту шавӣ ҳамроҳ, Ҳар ранҷ шавад кӯтоҳ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ!Harada olacaq əbədi yerin? Tú eres el Verbo eternal yạlly btkẖạf ʿlyạ ʿlmny ạ̉ʿrfk ṭfl ạlmgẖạrẗ Чист ли ты Du er mitt skjulested Sungguh Indah Alam Керегим Сенсиң Koruyan, Kayıran
Song not available - connect to internet to try again?