Омад Масеҳ андар ҷаҳон, Шодӣ кунед, эй мӯъминон. Номашро ҳар дам ёд кунед, Ҳамдаш кунед вирди забон. // Ҳалелуёҳ, ҳалелуёҳ ! Ҳамдаш кунед вирди забон. // Пури Худои бемакон Шуд ошкор андар ҷаҳон. Аз нури рӯи Худ намуд Равшан замину осмон. // Ҳалелуёҳ, ҳалелуёҳ! Равшан замину осмон. // Шодиву ваҷди кӯдакон Бинамоед аз дилу ҷон. Имрӯз андар Байт-Лаҳм Наҷотдиҳанда шуд аён. // Ҳалелуёҳ, ҳалелуёҳ! Наҷотдиҳанда шуд аён. // Инак, Худои бемакон, К-аз дидаҳо будӣ ниҳон, Андар либоси бандагӣ Шуд халқи гумраҳро шубон. // Ҳалелуёҳ, ҳалелуёҳ! Шуд халқи гумраҳро шубон. //S Ježišom život má zmysel a cieľ قوس قاناتىنداي قۇستاردىڭ Йюрюрюм иманла Ellerimizi Kaldırdık Karuniamu, Tuhan Eu tenho un Amigo que me ama ạ̉nạ jạy wmsnwd ʿly̱ wʿdk Исо - Абадий Дўст Zo, Mu Kawo Kukanmu, Yesu Yana Jiranmu Chemaţi prin cântări bucuria
Song not available - connect to internet to try again?