Пинҳон макун аз чашми Худо айбу гуноҳат, Эй ҷон, ба Худо рост бигӯ он чи ки дорӣ. Бахшанда Худоест, ки мебахшадат охир, Пеши назараш гар дили бикшуда гузорӣ. Онро, ки бубахшида Худо айбу гуноҳаш, Хушбахттар аз ӯ ба ҷаҳон ҳеҷ касе нест. Фарёд баровардаву бишнида Худояш, Чун ғайри Худо ҳеҷ куҷо додрасе нест. Иқрор накардам ба гуноҳам агар он ҷо, Ҷону танам аз оташи ғам сӯхт, Худоё. Пинҳон натавон кард зи чашми Ту хасеро, Бояд ҳама ҷо бар ту назар дӯхт, Худоё. Ҳар кас, ки дуо кард ба даргоҳи Ту, ё Раб, Ӯро хатаре нест ба ҳар раҳ, ки гузар кард. Эмин бувад ҳамвора зи бадхоҳии душман, З-ин ҷо агар ӯ ҷои дигар азми сафар кард. Ҳар ҷо биравам, бок надорам зи касе ман, Бинмудаӣ бар ман раҳи ҳамвор ба ҳар сӯ. Аҳкоми Ту дар ҳар қадаме машъали роҳам, Чун нури дурахшанда падидор ба ҳар сӯ. Таълим диҳӣ бар ману чашмам бикушоӣ, То роҳи худ он гуна ки бояд, бишиносам. Бефаҳм набошам чу хачиреву чу аспе, Бо ақлу хирад он чи ки ояд, бишиносам. Ҳар кас, ки шарир аст, варо ғусса зиёд аст, Аз ғуссаву ғам марди Худоро асаре нест. Эҳсони Худоро ҳама ҷо бинаду донад, Ӯро ба ҷаҳон ғайри Худо роҳбаре нест. Эй ростдилон, дар қадами поки Худованд Аз шодии дил нағмаи мастона сароед. Бо сидқу сафо тавба кунед аз гунаҳи хеш, Аз рӯи муҳаббат ба Худо саҷда намоед.Grande come te أذوب في محضرك В этом мире греха, где люди гибнут во тьме องค์พระเจ้าของเรายิ่งใหญ่ what a mighty God we serve Tak túžim viac a viac Пойте Господу радости песни Emmanuel Emmanuel Alléluia, Il est Roi ఏమి తెచ్చి నిను దర్శింతునయా nḥn ạldẖyn mtnạ ʿn ạlkẖṭyẗ
Song not available - connect to internet to try again?