Рӯзе як рӯзгоре/ Худо будааст нороҳат, Чун бадиву торикӣ,/ пур шуда будааст хилқат. Худо гуфт аз осмон/ ба он Нӯҳи меҳрубон: «Бирав, бисоз як киштӣ,/ ту хубиву биҳиштӣ. Ҳайвонҳоро ҷудо-ҷудо, / аз ҳар кадом дуто-дуто, Савори киштӣ бикун,/ ҷудо аз зиштӣ бикун». Парандаву хазанда/ савор шуданд бо ханда Ёҳуё! Тӯфон омад, /борони бисёр омад. Дунё шудааст пур аз об, / зиштиҳо рафт зери об, Аммо Нӯҳу ҳайвонҳо/ дар киштӣ монданд ҷудо. Худо Нӯҳро наҷот дод, /шодиро ба онҳо дод. Рангинкамони зебо/ Худо кашид ба дунё. Рангинкамон як қавл буд, /нишоне аз наҷот буд. Наҷоташон дод Худо,/ ба қавли Худ кард вафо. Ваъдаву қавли Худо / ҳамеша мешавад иҷро. Мисли Худои зебо,/ мисли Худои зебо Амал кунем ба қавлҳо.بۉت دۉينۅنۉن ەلىنە Pan aici Dumnezeu ne-a ajutat Nechť se mraky nad mnou valí Падал снег في قلب الكنيسة أمي Glory now to Thee be given هل جرح الرب يسوع Bože, Otče všetkých ľudí في منزل On hyvä veisata
Song not available - connect to internet to try again?