Яъқуб хайманишини фурӯтан буд, Эсав, экизаки ӯ, калонӣ буд, Лек бо ҳилагарӣ ва оши сурх хурдӣ Аз бародар баракатро рабуд. Падараш солхӯрдаву нобино буд, Ба Эсав баракатро ваъда намуд, Лек бо хӯроки хуб фиребаш кард Яъқуб, Эсав аз додари худ хафа шуд. Дар гурез Худо ба Яъқуб зоҳир шуд, Ӯ гуфт: «Ман бо ту ҳамеша хоҳам буд, Лек такя кун ба Ман, паноҳгоҳ ҳастам Ман». Яъқуб тарсон шуд пас аз хоби худ. Фиребгар фиреб хӯрд дар тӯйи худ, Аз чор зан Яъқуб хеле писардор шуд, Лек хости Худоро напурсид ӯ ҳоло. Худо дар ҷанг расондаш ба мақсуд. Акнун гӯед, чиро ёд бигирем мо! Аз фиребу найранг даст бикашем мо, Чунки ростгӯиро дӯст медорад Худо. Он чи коштем, ҳосил мекунем мо.Амилсан Эзэн 作時代的見證 Herşeyi Herşeyi Rabbe Bırak Meniń aıaýly armanym qṣẗ ạlṣlyb Gururun ardından Ты жизнь отдал tạ̉ml 4 Տարիներ,Որ Անցնում եք هئنذا أعبد
Song not available - connect to internet to try again?