Танҳо Исо бошад Соҳиби дилам, Танҳо Исо он ҷо сокин шавад. Муҳаббати Ӯро монанд набошад, Танҳо назди Ӯ роҳат меёбам. Ғаме надораму гиря накунам, Худовандам Исо назди ман аст. Ӯ фармуда, ки дастамро мегирад, Барад он ҷо, ки доим роҳат аст. Танҳо Исо кард аз гуноҳам озод, Танҳо Ӯ дар ҳаққи ман эҳсон кард. Диламро бишкофт бо меҳри азимаш, Он гоҳ оромиши осмонӣ дод. Вақте дар набард нотавон мешавам, Танҳо Исо ба ман қувват бахшад. Аз чашми ҳаёти Ӯ менӯшам, Доим қуввати тоза меёбам. Исо дар ин набард пирӯзам кунад, Маро назди Худо осмон барад. Дар он ҷо ҳамеша шодӣ хоҳам кард, Роҳату ором дар оғӯши Ӯ.L'alfa e l'omega Пробуждение شجرة ميلاد Preghiera Пусть никто о Боге нам не скажет Yüceler Yücesi Rab Ne sebepten joldan taıdyń baýyrym Двух любящих сердец слияние Nič sa, dieťa, neboj Grande
Song not available - connect to internet to try again?