// Худовандро ситоиш кунад ҷони ман, Ба ваҷд ояд рӯҳам аз Наҷоткори ман. // Ба ҳалимии канизаш назар кард Худо - Маро минбаъд хушбахт хонанд наслҳо; Ҳаме исми он Тавоно муқаддас аст, Ки Ӯ кори бузурге ба ман кардааст. Бувад ҷовидонӣ марҳаматҳои Ӯ - Насл то ба насл барои тарсгорони Ӯ. Тавоноии бозуи Худ зоҳир намуд, Пароканд онро, ки дилаш мағрур буд. Зи тахт вожгун намуд зӯроваронро, Сарафроз гардонд ҳама фурӯтанонро; Зи неъмат пур намуд гуруснагонро Тиҳидаст бозгардонд тавонгаронро; Аз он хотир, ки марҳаматҳо карда буд, Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ намуд. Ҳамон тавре ки гуфта буд ба падарон, - Ба Иброҳиму насли Ӯ то ҷовидон.Hallelujah have won the victory อันทางของคนชอบธรรม Meniń júregim Меным муса Тэ DRIFTING DOWN Goynu bakala bez Bava fy ạlṭryq knt wḥdy Je vis d'espérance Béni soit le lien Binecuvântări mă înconjoară
Song not available - connect to internet to try again?