Туӣ, Парвардигоро, ҳофизи ҷонам; Туӣ ишқам, Туӣ нерӯи имонам. Ҳаросон нестам аз ҳамлаи душман, Туӣ ҳамвора дар ҳар ҷо нигаҳбонам. Таваккал бар Ту дорам дар ҳама аҳвол, Ҷуз ин ҳар чизро беҳуда медонам. Ман аз торикии шабҳо наметарсам, Туӣ дар тирагиҳо нури рахшонам. Зи ноҳамвории роҳҳо наметарсам, Ту ҳатто раҳнамоӣ дар биёбонам. Агар аз хона берунам бияндозанд, Ба сӯи Ту саманди ҷон ҳамеронам. Даруни хонаат бигзорам, эй маъбуд, Ки бинам ман ҷамолатро ба чашмонам. Ту Худ гуфтӣ, талаб бинмо Маро ҳар бор, Талаб дорам Туро аз умқи виҷдонам. Мадад фармову дастам гир дар сахтӣ, Туро дар ҳар куҷо ман таҳти фармонам. Худамро мекунам қурбон ба роҳи Ту, Бароят ман суруди шукр мехонам. Худовандо, ҷамолатро талаб дорам, Карам фармову сӯи Худ фаро хонам. Агар бебаҳра мебудам зи лутфи Ту, Чӣ будам бо чунин вазъи парешонам. Ҳидоят кун маро бар роҳҳои рост, Ки аз норостиҳо сахт нолонам. Ту неку неккирдорӣ, Худовандо! Ман аз некӯият шодобу хандонам. Дари бахшоишат бикшо ба рӯи ман, Ту, эй яктои беҳамтои давронам. Худовандо, ҳамехоҳам зи дарборат, Қабои раҳмату имон бипӯшонам.Молитва دقي يا أجراس ạ̉nt lst ṣwrẗ sydy اق بۇلۇتتاي اپپاق كىيگەنى Ştii Tu ce port în pieptul meu? Благодатный свет обильно Rab Sen İyisin hyạ ndnw llạ̹lh حولنا عنك عينينا Di Dalam Kasih Yang Teguh
Song not available - connect to internet to try again?