Худованди ҷон чӯпони ман аст! Ба ҳар ҷо равам посбони ман аст! Ба чизе надорам дигар эҳтиёҷ, Ҳама дардҳоям кунад Ӯ илоҷ. Бихобонадам дар чаманҳои сабз, Садояш шиносам чӣ ширину нағз! Ба оби гуворо кунад роҳбарӣ, Диҳад ҷону танро ҳаме бартарӣ. Ба роҳи адолат ҳидоят кунад, Муҳаббат ҳаме бениҳоят кунад. Чу дар водии сояи зулмот роҳ Равам ҳам, бубинам сад афсӯсу оҳ. Натарсам зи шарре, чу Ту дар барӣ, Асоят намояд маро роҳбарӣ! Зи рӯи муҳаббат Ту мегустарӣ, Ба пеши адӯ баҳри ман суфрае. Фурӯ рехтӣ равғанат бар сарам, Чӣ лабрез гашта ҳаме соғарам! Накӯиву раҳмат ба фархундагӣ, Ба ман рӯ кунад дар ҳама зиндагӣ. Ба наздики Яздон яксар равам, Абадмуддат он ҷой сокин шавам. Худованди ҷон чӯпони ман аст! Ба ҳар ҷо равам, посбони ман аст!Алев Алев Признание لا مثل لك Mən Sənə Arxayınam Rəbbim Suci, Suci, Suci Jeso Tompo! Vatolampy. يسوع نتوجك نعلن ملكك hllwyạ sbḥwạ yạ ʿbyd ạlrb - Praise the Lord Kıeli tańdalǵan Isa! Аллаһы Сəслəјирəм
Song not available - connect to internet to try again?