Худовандо, дили мо шод аз Ту, Гулистони бақо обод аз Ту. Фурӯғи ин ҷаҳон аз шавқи рӯят, Ҳаёти ҷовидон бошад ба кӯят. Гар аз лаззоти дунё рӯй тобем, Ба даргоҳи пур аз меҳрат шитобем. Равони ташнагон дар ҷустуҷӯят, Ки нӯшанд оби зинда аз сабӯят. Ту танҳо пойдору ҷовидонӣ, Ту моро андар ин дунё шубонӣ. Бибахшӣ гумраҳонро растагорӣ, Диҳӣ мар пайравонро комгорӣ. Чу аз оби ҳаёти безаволат Ҳам аз сарчашмаи оби зулолат, Равони ташнаи мо ком ёбад, Зи ҳар дарди ҷаҳон ором ёбад. Туро ҷӯяд равони беқарорам, Ба ҷуз Ту дар ҷаҳон ёре надорам. Зи дидорат дарунам шод гардад, Зи қайди ранҷу ғам озод гардад. Хушо он дам, ки бошам аз дилу ҷон Туро хоҳон ба дунёи парешон. Масеҳ, эй ҷовидонӣ довари мо, Зи раҳмат бош доим дар бари мо. Зи нурат соз равшан ҷони моро, Бикун собит ба Худ имони моро. Зи торикиву нодонии пиндор, Худоё, ҷони моро барҳазар дор. Ҷаҳонро аз фурӯғат соз равшан, Чунон равшан, ки гардад рашки гулшан.يسا يەم اعاتايىم مەنىڭ Qoy bütün insanlar sevinsinlər bizimlə birgə ٴتاڭىرىم سەنىڭ رۋحىڭدى اڭسايمىن إلهي إلهي tậml 4 - mạ ạ̉ḥly̱ ḥḍwrk Berbahagia Tiap Rumah Tangga Chisʋs okʋt pin Chitokaka yoke WHERE WILL YOU SPEND ETERNITY? ạlʿạlm ʿṭạyạh wqtyẗ ftḥ ʿynk kwys wbṣ ʿly̱ qdạm
Song not available - connect to internet to try again?