Худовандо, Ту огоҳӣ зи андак орзуи ман. Шиносӣ бандаи Худро ва донӣ ҷумла хӯи ман. // Бувад меҳрат зи ҳад берун, Ту, эй Чӯпони неки ман, Чунин гуфтӣ, ки огоҳӣ зи дона - дона мӯи ман. // Дар афсурдагию ғам, замони шодию иззат Ба даргоҳат шитобонам, ки во ҳаст он ба сӯи ман. // Дар ин дунё Туро дорам, ягона меҳрубони ман. Бувад фахрам ҳама дар Ту, Ту ҳастӣ обрӯи ман. // Туро дорам, чӣ хушбахтам! Ҳамеша шоду масрурам. Хуш он рӯзе, ки пайвастам ба Ту, эй Меҳрубони ман. // Туро дорам, киро хоҳам? Туӣ мақсуду ҳамроҳам. Ба наздат доим оромам, Ту, эй Чӯпони неки ман. // Туро дорам, чӣ зебоӣ! Ба ҳар ҷое Ту пайдоӣ! Вафо дориву меоӣ, зи пушти Ту равонам ман. // Туро дорам, киро хоҳам? Туӣ мақсуду ҳамроҳам! Ба наздат доим оромам, Ту, эй Чӯпони неки ман. //Наполни нас Un Amigo hay más que hermano Бен Гюнахлъ гидеджек йерим йок Svatá doba, Páně den Годы жизни пролетают вертится земля Извор на живота Tüm varlığımı dağatsam Be Thou My Vision О чудный Младенец qd ạ̹yh
Song not available - connect to internet to try again?