Худовандро ҳамд бигӯед, зеро ки некӯст . Наҷоту шодии абадӣ дар номи Ӯст. Эй солеҳон, дар Худованд шодӣ намоед. Рӯз ба рӯз наҷоти Ӯро эълон намоед. Худованд Подшоҳ аст то абадулобод. Бо Ӯ зистан пурҷалол аст, кунед Ӯро ёд. Бичашеду бубинед, ки Худованд некӯст! Биталабеду хоҳед ёфт, ҳама чиз аз Ӯст. Масеҳ Исо, бозгашт бинамо! Масеҳ Исо, бозгашт бинамо! Ташнаи Туем мо дар ин дунё, Масеҳ Исо, бозгашт бинамо! Эй Худованд, назди Ту фарёд бароварем. Нолаву тангии худро пеши Ту гӯем. Ҷони мо ташнаи Туст чун замини беоб. Мегӯем бо ҳамду сано, эй Падар, дарёб. Худованд Подшоҳ аст то абадулобод. Бо Ӯ зистан пурҷалол аст, кунед Ӯро ёд. Бичашеду бубинед, ки Худованд некӯст! Биталабеду хоҳед ёфт, ҳама чиз аз Ӯст. Масеҳ Исо, бозгашт бинамо! Масеҳ Исо, бозгашт бинамо! Ташнаи Туем мо дар ин дунё, Масеҳ Исо, бозгашт бинамо!Digne est l'agneau Иште Кендисине Дестек Олдуум Сэтгэлд минь галаа буулгаач Bližšie vždy k Tebe len Marilah Memuji اذا ما غرد العصفور Dávid تەڭىر، ىسمىڭدى بئز داڭقتايبىز Амин, Гел Я Раб Иса, Иса, Иса Rab Sen Layıksın
Song not available - connect to internet to try again?