Худои нек! Чун ба ҷаҳон нигоҳ кунам, Ба ҳар чи Ту бо каломат сохтӣ, Ба мавҷудот, ки нурат ато карда, Бо меҳри Падарӣ ғизо диҳӣ, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун нигарам ба осмон, ба ахтарон, К-он ҷо оламҳои пурнур ҷорист, Ва меҳру моҳ дар муҳити ҷовидон, Чун киштиҳо дар уқёнус ҳастанд, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун бо Худо вохӯрам дар Калом, Ва корҳои неки Ӯро бинам, Чӣ хел халқи Худро баракат дод, Чӣ хел дӯст дошт ва марҳамат намуд, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун ман рухи ҳалими Масеҳ бинам, Ки ба инсон дар ин даҳр банда буд, Чӣ хел Ӯ, шоҳи олам, дар салиб мурд, Ва бо салиб ба мо бахшиш овард, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун озмоиш азоб диҳад дилам, Бо ғами марг малӯл бошад рӯҳам, Ӯ бо меҳр хам кунад сарашро сӯям, Фиғонам пахш кунад бо гапи нарм, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун маро хонад з-ин ҷаҳон Ӯ, Ва равшанӣ кунад ҷилои Ӯ, Саҷда барам пеши тахти Ӯ, Шоҳро бинам дар зебоии Ӯ. // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! //认识神何等蒙福 Gloire au Seigneur The Move is on Жүригиңниң көзин ачқин ạlfjr sẖq wlạḥ Քո Բույրն եմ Ես Շնչում Andate in tutto il mondo Бизе Вер, Вер, Вер, Вер, Вер, Бизе Вер ạ̹nt ạlrạʿy lynạ O Toi qui donnes la vie
Song not available - connect to internet to try again?