Худоро гиромӣ бидорӣ агар, Зи файзи Худо баҳра гирӣ мудом. Шавӣ комёбу набинӣ шикаст, Туро шери дарранда ояд ба дом. Дилат шод гардад зи файзи Худо, Зи фармони Ӯ сар напечӣ агар. Ба лутфи Худо бошӣ умедвор, Наҷӯӣ Ту чизе зи ҷои дигар Наҷӯӣ Ту чизе зи ҷои дигар. Худоро итоат кунӣ гар зи дил, Чу шохи пур аз мева бинӣ занат. Зи фарзанди фарзонаи покдил, Тавоне бияфзояд андар танат. Шукӯҳи Сионро бубинӣ ба чашм, Ту, эй порсо марди некӯсиришт. Шавӣ ташнаву об хоҳӣ агар, Ба даст оварӣ оби боғи биҳишт Ба даст оварӣ оби боғи биҳишт. Худо қавми Худро раҳоӣ диҳад, Зи шарру бадиҳои ин рӯзгор. Ба фармони Ӯ сулҳу некиву хайр, Бимонад дар ин сарзамин пойдор.ʿạrfyn ạlly ʿml sẖms Пурбор замин гашт к-аз зи файзи ту Худоё Sois élevé قۇدايدىڭ سۇيىسپەنشىلىگى سونداي Слышьте небеса Керилип арчалар төрүндө Худованд муборак fy ạllyl fy ạlnhạr Już się złotych zbóż kołysze łan నా పేరే తెలియని ప్రజలు
Song not available - connect to internet to try again?