Ба пайравии таронаи 22 дар китоби Забур Худоям, ки некӯ шубони ман аст, Маро мебарад сӯи дарё, Ба сӯи чарогоҳ, Ба сӯи чарогоҳи сарсабзу шодобу зебо, Пур аз сабзаву обҳои мусаффо, Пур аз ғунчагулҳои рангину раъно. Ту гӯӣ, Ки ман меҳмонам Худоро. Бихобам, биёсоям ором он ҷо, Бинӯшам зи ҷоми таманно, Ва шабнам бичинам зи рухсори зебои гулҳо. Ҳаросе надорам, Ҳаросе зи гармову сармо, Зи селоби тунду зи бӯрони саҳро, Зи бадмастиву хашми амвоҷи дарё Ва аз зулмат хуфта дар қалби шабҳо. Бидонед, эй душманонам, Ҳаросе надорам Зи дарду зи маргу зи борик роҳҳо, Зи бедоди зӯрозмоёни дунё Наметарсам ҳаргиз. Ба ҳар сӯ, ки хоҳам, равам бе муҳобо, Асои Худо бошадам раҳнамо. Худо, Умедам Худо, ҳасту будам Худо, Ҳама тору пуди вуҷудам Худо. Худоё! Чӣ саршорам аз меҳри Ту ман саропо, Чунин ҳол бошад маро доимо.ạbny ḥbyby qwẗ ḥḍwrk ḥsb wʿwdk Sono libero! Киелі Патша, Киелі Ием.. Gesù ama tutti i bimbi Есть песня в моём сердце её всегда пою Pe drumul catre patria iubirii Сила Божа Happy Song Quando ascolti la voce di Dio
Song not available - connect to internet to try again?