Худоё, бубахшо гуноҳи маро, Ки ман дар ҳузури Ту шармандаам. Биёлуда домонам инак гуноҳ Аз ин рӯ, Худоё, сарафгандаам. Гуноҳ кардаам пеши чашмони Ту, Агар хашм гирӣ Ту бар ман, равост. Ман иқрор кардам, ки бад кардаам Ва ҳукми Ту бар ман дурусту баҷост. Ба ҳаққи Ту бад кардаам, эй Худо, Раҳоӣ надорам ман аз хашми Ту. Раҳонам, Худоё, зи шарри гуноҳ, Бадиро напӯшондам аз чашми Ту. Гуноҳкор будам зи рӯзе ки ман Набудам ҷудо аз тани модарам. Табоҳ гашта ҷонам зи шарму гуноҳ, Ман ин шармро то куҷоҳо барам? Замири маро пур кун аз ростӣ, Биёмӯзам аз ҳикмати поки хеш. Ки то пок гардам ҳаме аз гуноҳ, Бидӯзам ман ин домани чоки хеш. Хатои маро аз назар дур дор, Ва хурсанд кун ҷони ғамноки ман. Диламро зи айбу бадӣ пок кун, Фуруд ой кунун дар дили поки ман. Магир аз ман ин файзи Рӯҳулқудс, Маяндоз дурам зи даргоҳи Худ. Наҷотам бибахшову шодам бикун, Ки ёбам ба шодӣ паноҳгоҳи худ. Худоё, бигир аз ман ин ранҷро, Сабук кун даме дарди виҷдони ман. Ки хун рехтам, ин гуноҳи бузург Ба ҳам барзад оромиши ҷони ман. Лабамро кушо, то ки дар васфи Ту Суруду навое зи дил сар кунам. Сарамро ба поят фуруд оварам, Фидои Ту ҷонро саросар кунам. Ба қурбонӣ омодаам, эй Худо, Кунам ҷону дилро ба қурбони Ту. Ту ҳар чи бихоҳӣ, ба ҷо оварам. Напечам даме сар зи фармони Ту. Шикаста дилам ҳолиё, эй Худо, Ту рӯҳи шикастадилон шод кун. Писанди ту ин рӯҳи бишкаста аст, Ту бишкастаро аз нав обод кун. Худоё, зафар деҳ Ту ин халқро, Ба Байтулмуқаддас, ки ҷои Ту аст. Ту деворҳояш ба по кун зи нав, Ки ин шаҳри зебо барои Туст. Ба қурбонӣ омода гӯсолаҳо Ба пои ту, эй Зоти Парвардигор. Ту манзур фармову раҳмат фазо, // Ба ихлосмандони Худ бор-бор. //С надеждой на Тебя Господь Fajar Merekah Tiszta-e Már Szíved Pozdravená buď, Sviatosť Oltárna Telo, chlieb jedzme Возвратится ль дух мой к Богу Újra rád köszönt a reggel yạ ṭyb sạʿạt Nell'anima del mare Idę sobie i patrzę
Song not available - connect to internet to try again?