Эй муқаддасон, эй қавми Худо! Эй ки бо як дил бо ҳам сокинед, Хушии ман фақат шумо ҳастед, Шумо бародарони ман ҳастед. Кист умеди ман, тоҷи фахри ман? Фақат ту ҳастӣ, бародари ман. Ҷалолу хушии ман ту ҳастӣ, Бародари ман, эй азизи ман. Фидяи ҷони ту гаронбаҳост, Ту ҳам аз бунёди ростӣ ҳастӣ. Ҷузъи сангҳои зиндаи Масеҳ, Вориди икрому муҳаббат ҳастӣ. Кист умеди ман, тоҷи фахри ман? Фақат ту ҳастӣ, бародари ман. Ҷалолу хушии ман ту ҳастӣ, Бародари ман, эй азизи ман. Шумо хонаи Худованд ҳастед, Ҷузъи аъзои Бадани Масеҳ. Ҳамватани муқаддасони Ӯ, Аз аҳли хонаи Худо ҳастед. Кист умеди ман, тоҷи фахри ман? Фақат ту ҳастӣ, бародари ман. Ҷалолу хушии ман ту ҳастӣ, Бародари ман, эй азизи ман. Як чизро аз Худованд хостаам, Онро доимо хоҳам талабид: Тамоми айёми ғурбатамро Дар хонаи Ӯ сокин бишавам. Ҷалоли Ӯро тамошо кунам, Дар Баданаш андеша намоям. Суруд бихонам барои Худо Зи сукунати ҷалоли Худо. Эй шаҳри Худо, эй шохаҳои Наҳри илоҳӣ, ҷорӣ бишавед! Бо сурудҳои рӯҳонию бо файз Дар дилҳои худ бисароед. Кист умеди ман, тоҷи фахри ман? Фақат ту ҳастӣ, бародари ман. Ҷалолу хушии ман ту ҳастӣ, Бародари ман, эй азизи ман.Мөнхийн Эзэний Теңирим, жаным самайт Бездонный океан rby̱ sbyt qlby Chcę mocy Vreau sa spuna cel ce-i slab Standing on the promises Słyszę, jak mnie wzywa Jezus Бавно веч изчезнува Inno d'amore
Song not available - connect to internet to try again?