Эй мӯъминон, ин навид бишнавед, гиред умед. Наҷоту роҳу ростӣ бо Масеҳо гашт падид. Масеҳо - Шоҳи шоҳон, Мазҳари Ҳаққу Раҳмон. Бо хуни Худ бар салиб бахшид ба мо гуноҳон. Чашмаҳои оби ҳаёт аз файзи Исо Гашта равон баҳри наҷоти ҳамаи қавмҳо. // Нӯшед аз он об то абад сероб. // Гӯш кун, эй дилшикаста, аз ҳама дунё хаста, Қалби ту тоза гардад, аз ноумедӣ раста. Ҳама ҷо ҳозир Худо, манзил асту ҷонпаноҳ. Наҷотдиҳандаи мост ҷустуҷӯгари қалбҳо. Биё, сапеда дамид, тулӯи субҳи умед. Саҳар шукуфа бисохт, то бахшад ба мо навид. Масеҳи мавъуд омад дар ин ҷаҳони ҳастӣ, Мисли ҳамаи инсонҳо зоҳир гардид дар ҷисме. Эй Нури осмонӣ, қалби моро Ту хонӣ. Моро ато кун, Падар, ҳаёти ҷовидонӣ. Озодам, месароям, номи Туро мехонам. Эй Сарварам, эй Нурам, танҳо Туӣ Худоям.من الأعماق Lindos ángeles cantores Lo, God To Heav'n Ascendeth Ry Ray, tahionao i Madagasikara Подаймо руку дружби я і ти Isany tanımyn Иисус души Спаситель Down From His Glory ṭwby lạ̹nạs ʿzhm bk Султэ вырзе эшъёсы
Song not available - connect to internet to try again?