Эй Холиқи арзу само, Эй даргоҳат дорулшифо. // Бурдӣ басе ранҷ аз вафо, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // // Наҷоткорам, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // Гар бо Туям, исён куҷо, Назди Ту навмедӣ куҷо? // Бо раҳматат оташ куҷо? Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // // Наҷоткорам, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // Додӣ шифо ҳар кӯрро, Бечораву ранҷурро. // Хондӣ ба Худ маҳҷурро, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // // Наҷоткорам, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // Зинда зи Ту шуд ҷони ман, Мавҷуд шуд аркони ман. // Дар назди Ту дармони ман, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // // Наҷоткорам, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // Нури ҷаҳон аз рӯи Ту, Хуррам биҳишт аз бӯи Ту. // Оби бақо аз кӯи Ту, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! // // Наҷоткорам, Наҷоткорам Ту, Масеҳо! //Tvoja láska to nevzdá Азгырылба учкундарга жылт-жулт эткен أفراحنا بيك طول الطريق Quand ma route est obscure في مزرعة جدو ạ̉ḥly̱ ạsm ạsmk bmrạḥm ạlrb ạgẖny Мы песнею начнем Al tentador vence El Lugar Secreto
Song not available - connect to internet to try again?