Эй Худои ман, Худои меҳрубон, Ҳар саҳар аз дил талаб дорам Туро. Ҷисми ман пазмону ҷонам ташнаат, Ман ба нақди ҷон харидорам Туро. Ташнаи рӯи Туям ман, эй Худо, Ҷонам аз дидори Худ сероб кун. Ин замини хушкро бо меҳри Худ Соабз гардон, хурраму шодоб кун. Аз ҳаётам беҳтар аст эҳсони ту, Эй Худо, эй Кирдигори лоязол. Дар макони қудс дидам ман Туро, Эй Худо, эй соҳиби ҷоҳу ҷалол. Дар тамоми умр хоҳам хонд ман Аз дилу аз ҷон муборак номи Ту. Шодмон лабҳои ман аз мадҳи Ту, Ҷон бинӯшад ҷуръаҳо аз ҷоми Ту. Шаб ба бистар меравам бо ёди Ту, Дар тамоми шаб хаёлат дар сарам. Ту мададгори манӣ, эй Шоҳи ман, Сояи боли Ту бошад бистарам. Шод кун ҷони ман ба Ту маро, Парвардигор, Чунки ҷони ман ба Ту часпидааст Дар паноҳи лутфи Ту оромишест, З-ин сабаб он ҷо чунин хуспидааст. Қасди нобудии ҷонам гар кунанд, Ҷояшон дар таҳти гӯристон бувад. Аз дами шамшерҳо мебигзаранд, Ҷонашон дар чанги шағолон бувад. Дар Худо шодӣ кунад шоҳ инчунин Бо дили оганда аз ишқу умед. Гар таваккал бар Худо аз дил кунем, Пеши рӯи мо бувад роҳи сафед. Баста гардад фитнаҷӯёнро даҳон, Чашмҳошон кӯр гардад аз дурӯғ. Фахр дорам бар Худои хеш ман, Чашмам аз файзаш ҳамеша пурфурӯғ.تراك 23 THE COMING OF THE KINGDOM Mojou nádejou je Pán ทั่วทั้งสวรรค์ All The Heavens خبرني يا يوحنا Presso i tuoi rivi (Elisabetta Zimmardi) Колко ни са мили Боже ạ̉nạ ly myn fy ạlʿmr swạk أجرى عليه У источника спасенья будешь ли меня встречать
Song not available - connect to internet to try again?