Як рӯз ин дунё барои ман Ториктар аз ҳар торикӣ буд. Ранги сафедаш барои ман Сиёҳтар аз ҳар сиёҳӣ буд. Шукри Исои маҳбуби ман, Ки Ӯ садои маро шунид. Нури Ӯ бар қалби ман тобид, Маро аз чоҳи гуноҳ кашид. Кас набошад бароям ҷуз Ӯ, Гӯшам доим ба фармони Ӯ. Вақте бар салиб рафт ҷони Ӯ, Оламе гардид ба номи Ӯ. Пас кай меоӣ, Шоҳи шоҳон? То мо оем наздат шитобон. Ту ваъда додӣ, бармегардӣ, Поён хоҳӣ дод ба ҳар дарде. Ҳамин акнун бош миёни мо, То ҳама бинем дар дил Туро. Он гоҳ бигӯем шукрат, Исо, Шукрат, ки додӣ наҷоти мо. Исои маҳбуб, дӯстат дорам, Баҳри диданат беқарорам. Орзуи ман канори Туст, Чун ҳама шодиҳо моли Туст. Ҳама мӯъминон дуо кунем, Дуо даргоҳи Худо кунем. Исоро хонем дар ҷамъи худ, Дилҳоро аз ғам раҳо кунем. Исо - Табиби дилҳои мост, Исо - Шифои дардҳои мост. Чаро нагӯем бо як садо: "Исо - наҷоти ҳама халқҳо". Исои маҳбуб, дӯстат дорам. Баҳри диданат беқарорам. Орзуи ман канори Туст, Чун ҳама шодиҳо моли Туст.Хер заман бенимле, севги яшасън دعوا الأولاد يأتون إلي Сесини Дуйунджа Boh a Pán dal sa na pochod Savior Crucified Sei tu Gesù - Proclamerò Мəсиһдир һəјатымыз V Kristovi len, duša milá Иисус в нашем сердце Нам молодым كل ما هو حق
Song not available - connect to internet to try again?