Аз азал будиву ҳастӣ то абад, Эй Худованди кариму меҳрубон. Нест бар Ту ибтидову интиҳо, Гар ба нобудӣ кашад кори ҷаҳон. Зиндагӣ як гул ба ҳангоми саҳар, Мешавад пажмурда андар шомгоҳ. // Зиндагӣ як хоби кӯтоҳ асту бас, Маҳв мегардад ҳаме андар нигоҳ. // Гар давом орад ҳаме ҳафтод сол, Ё шавад ҳаштод умри одамӣ. Бо ҳама дарду азобу ғуссааш, Оқибат поён пазирад як даме. Хокиён дар хок мебояд шудан, Рӯ ба сӯи хок бояд карду рафт. // Ҳукми тақдир аст, дигар чора нест, Гиря бар хошок бояд карду рафт. // Умри мо кӯтоҳу мо бечораем, Ғарқи гирдоби гуноҳ ҳастем мо. Ҳикмату ақлу хирадмандӣ бидеҳ, Ҳамчу кӯре назди чоҳ ҳастем мо. Хашм гирӣ бар гуноҳи мо чунин, Хашми Ту моро парешон мекунад. // Кай шавад пинҳон гуноҳ аз чашми Ту, Чашми Ту пинҳон намоён мекунад. // Раҳм кун бар мо, Худоё, барбигард Аз сари қаҳрат, ки мо дармондаем. Лутф фармо, раҳматат афзун намо, Сар ба поят бори дигар мондаем. Як даме моро, Худоё, шод кун, Аз ғами дармондагӣ озод кун. // Дар шигифт оянд фарзандони мо, Хонаи вайронаро обод кун. // Файзи Ту гирад фаро бори дигар Мову фарзандони моро, эй Худо. // Бар ҷамеи мо дар ин дунёи дун Раҳм фармо ошкоро, эй Худо. //rby bḥbh ʿạyz ạ̉rnm wạ̉ʿly ṣwty Их Эзэн Тандаа Isten küldte szent Fiát, Jézust God My Rock ИДВАМ В ИМЕТО НА ГОСПОДА Dieu, c'est dans ta Sion sainte 主是末世的避风港湾 İlk Günah W żłobie leży
Song not available - connect to internet to try again?