// Андаруни ҷони мо ғавғост - Исо омадааст, сад ҳазорон ммжда бар дилҳост - Исо омадааст // Аз насими ин паёми осмонӣ рӯзу шаб Ашки шодӣ дар дилам дарёст - Исо омадааст. Интизори ваъдаи дидори фардо то ба кай? З-он ки имрӯз ҳам ҳамон фардост - Исо омадааст. Дар гулистони муҳаббат ҳар гуле гӯяд Туро, Нағмаи ҳар булбули шайдост - Исо омадааст. Баҳри дидан пардаҳоро як ба як бояд дарид, Чун бурун аз пардаҳо пайдост - Исо омадааст. // Гӯши дигар боядат будан туро, то бишнавӣ, Дар забони зарраҳо ғавғост - Исо омадааст. // Ин ҳадиси савсан асту ин ҳадиси ёсуман, Ин ҳадиси лолаи саҳрост - Исо омадааст. Кай ба истидлоли мо мӯҳтоҷ омад офтоб? Дида мебинад, агар биност - Исо омадааст. Донише бояд турову гардише бояд туро, Офариниш сар ба сар гӯёст - Исо омадааст. Ҳам зи Матто, ҳам зи Марқӯс, ҳам зи Луқо, Ҳам дар он Инҷили Юҳанност - Исо омадааст. Хотима: // Тоҷи зебо бар сари худ гар бихоҳӣ, ҳам биё, Тоҷи зебо бар сарат Исост - Исо омадааст. //THE CELEBRATION SONG Ниҗаткар намиң Sing Sing Sing ЧУЙТЕ АНГЕЛСКИЯ ГЛАС Тільки Тобі Кров Христа Він так взяв мене за руку Oʻshanda men doʻstlar Isoni koʻrdim Аялгуу дуунд минь Ich tauch ein
Андаруни ҷони мо ғавғост - Исо омадааст, Сад ҳазорон мужда бар дилҳост - Исо омадааст
Add to Set Exit Set Exit SetSong not available - connect to internet to try again?