Ба касони дудила ман кина дорам, Вале оини Туро ман дӯст медорам. Паноҳ ва сипари ман ҳастӣ танҳо Ту; Умед бастаам ҳаме ба сухани Ту. Эй бадкешон, дур шавед аз пеши рӯям! Фармудҳои Худоро нигоҳ медорам. // Аз рӯи гуфт ёрӣ деҳ, то зинда монам, Ва шармсорам нагардон аз ин умедам. // Ба ман ёварӣ намо, то наҷот ёбам, Доим ба дастурҳоят ман назар дӯзам. Вожгун мекунӣ ҳар кӣ аз Ту дур шудаст, Зеро найранги онҳо бефоида аст. Бадро нобуд мекунӣ чун занги оҳан; Гувоҳиҳои Туро дӯст медорам ман. // Аз тарси Ту сих шудаст мӯи баданам; Аз довариҳои Ту басе метарсам. // Пеша кардаам инсофу росткориро; Ба ситамгарон ҳаргиз насупор маро. Бар суди бандаи Худ зомин шав ба ман, То ки ситам накунанд густохон ба ман. Чашмон ба наҷоти Ту хаста мешаванд, Ба гуфтаи рости Ту хаста мешаванд. // Бо бандаат амал кун бо меҳр, эй Худо, Ва дастурҳои худро омӯз, эй Худо. // Ман бандаи Ту ҳастам; фаҳм бибахш маро, То ки ҳаме бидонам гувоҳиҳоро. Вақти Парвардигор аст, ки амал кунад; Бадкор оини Туро поймол мекунад. Лек фармудҳои Туро ман дӯст медорам, Бештар аз зари холис ман дӯст медорам. // Ман ҳар фармони Туро рост мешуморам; Ман ба ҳар роҳи дурӯғ кина дорам. //Славословие Агуу загалмайг бишрэн харахад مالي سواك Я сижу в бедной келье одна روح القدس تازه کن Ojcze nasz, Boże, który jesteś w niebie wèi zài lái de jūn wáng yù bèi dào lù Swój wierny obraz فمع أنه لا يزهر التين Заботы и труд
Song not available - connect to internet to try again?