Ба назди пок Яздон шав ту хомӯш, Намо дунёву ҳастиро фаромӯш. Ки то ҷони туро ором бахшад, Дили ғамдидаатро ком бахшад. Чу тӯфони балои зиндагонӣ Туро созад аз ин дунё фиғонӣ, Дар ин дам дар дуо мехон Худованд, Зи ҷону дил ба Ӯ бинмой пайванд. Дуо бахшад тавон бар қалби решат, Намояд шодмон қалби парешат. Шавад андӯҳу ғам яксар фарорӣ, Агар як дам ба Яздон рӯй орӣ. Зи меҳри Ӯ чу дил саршор гардад, Ҳаме осон ба дунё кор гардад. Агар ҳастӣ ба қайди ғам гирифтор, Дуо кун, то шавад шодӣ падидор. Сӯи Исо дуо кун, то ки ёбӣ Аз Ӯ шодиву асли комёбӣ. Масеҳо, Ту ҳаёти ҷовидонӣ, Ба ҷуз дар Ту набошад зиндагонӣ. Туро ҳамду сипоси беадад бод, Ки ҷони мо зи меҳнат кардӣ озод. Ба мо омӯхтӣ тарзи дуоро, Ки биситоем ба номи Ту Худоро.Вот год пришел к кончине Кудайдын байлыктары эбегейсиз Natchnij mnie - Duchu przyjdź Hosanna Ny ony tsy miato, fa mitady Nous te glorifions الأعداء حوالي Wszystko Tobie dziś oddaję أمور الله عجيبة Hai creduto in me
Song not available - connect to internet to try again?