// Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Хуш ба ҳоли он ки аз рӯи хирад Дар пайи ин фосиқон раҳ наспарад. Он ки ӯ Парвардигори худ шинохт, Бо тафаккур рӯзу шаб худро гудохт. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Дар Худо мемонад ӯ бо иззу шон Чун дарахте бар лаби рӯди равон. Сабзу шодобу муаттар шохаҳош, Дар амон аз боду сармо соқаҳош. Бар ҳарими баргҳояш оҳ нест, Офати пажмурдагиро роҳ нест. Мева дар ҳангом орад ин дарахт, Кори неканҷом дорад ин дарахт. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Бар шарирон роҳи раҳмат баста аст, Бо худоҷӯён Худо биншастааст. Ростонро бо шарирон кор нест, Ростиро роҳ ноҳамвор нест. Ҳамчу коҳ андар масири бодҳо Ин шарирон мешаванд аз ҳам ҷудо. Ҷуз ҳалокат нест инҳоро ҷазо, Маргу нафрин бошад инҳоро сазо. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. // Чун Худо огоҳ аз ҳар рози мост, Воқиф аз ҳар дарду сӯзу сози мост. Одилонро зиндагӣ мебахшад Ӯ, Иззату фархундагӣ мебахшад Ӯ. // Бо шарирон машварат кардан хатост, Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //Pon gloria en la alabanza wǒ qiè mù nǐ de tóng zài Кърда учан шен арълар Senin Gibi Yok Jesus Came, the Heavens Adoring Ya Tuhan, Hanya Inilah Solo Cristo Раббим Раббим санадър хамдим أختبار المرنم أيمن كفروني - الجزء الثاني zhǔ chà qiǎn liǎng gè liǎng gè de
Song not available - connect to internet to try again?